«ЯК МОҲИ ҲАЁТИ КӮДАКОН»

Дар шаҳри Кӯлоб бо ибтикори муассисаи таҳсилоти иловагии минтақаи Кӯлоб ҷамъбасти чорабиниҳо дар доираи «Як моҳи ҳаёти кӯдакон» баргузор гардид. Дар чорабинии бошукӯҳ роҳбарони маҳфилҳо, падару модарон ва аъзои маҳфилҳои муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ширкат варзиданд.
Ҷамъомади тантанавиро бо сухани ифтитоҳӣ директори муассисаи таҳсилоти иловагии минтақаи Кӯлоб Ҳайдар Ҳайдарзода оғоз бахшида, аз ғамхориҳои ҳамарӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакону наврасон ёдовар гардиданд. Ҳамзамон, зикр гардид, ки давоми як моҳ дар муассисаҳои таълимӣ ва таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб чорабиниҳои илмию фарҳангӣ, варзишӣ ва адабӣ баргузор гардиданд. Ҳамчунин, аз тарафи кормандони муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб озмуну мусобиқаҳои гуногун гузаронида шуда, ғолибон бо туфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ Ҳайдаров Ҳайдарзода афзуд, ки новобаста ба таҷлили рӯзҳои ид барои кӯдакону наврасон кӯшиш мекунем, ки ҳар моҳ дар сатҳи минтақавӣ чунин чорабиниҳои сатҳи баландро доир намоем, то ки кӯдакону наврасон дар муҳити солиму созанда ба камол расанд.
Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор»,
шаҳри Кӯлоб